18 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд бинои нави Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити бинои нави Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, ин иқдомро барои саҳмгузорӣ дар таҳким ва рушди инфрасохтори идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ошёнаи якуми бино утоқи “Равзанаи ягона” бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мутобиқ намудани расмиёти бақайдгирӣ, пешниҳоди иҷозатҳо ва иҷозатномадиҳӣ ба талаботи замони муосир, баланд бардоштани шаффофият, бартараф кардани монеаҳои маъмурию сунъӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ миёни корхонаҳо ва мақомоти давлатӣ ташкил карда шудааст.
Ҳоло дар МОИ «Суғд», ки дар масоҳати 320 гектар бунёд гардидааст, 48 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст.
Ҳаҷми сармоягузорӣ дар 10 моҳи соли 2025 аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба 39 миллион сомонӣ баробар буда, аз ҷониби субъектҳои МОИ «Суғд» истеҳсоли профилҳои алюминӣ, пластикӣ ва металӣ, халтаҳои калонҳаҷми пропиленӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, коркарди меваи хушк ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2025 470 миллион сомониро ташкил дод.