18 ноябри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ баррасӣ шуд, аз ҷумла:
- Барномаи давлатии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025;
- Нақшаи амали Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 барои солҳои 2024-2026;
- Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025.
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломиддин Ҷаббор, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар ва муовинии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои зикршуда вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои зикршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.