17 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба рушди устувор баргузор гардид.
Дар Форум намояндагони кишварҳои узви СҲШ ва давлатҳои нозир иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. дар ин Форум иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар баромади худ Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва зеҳни сунъӣ қатъномаҳои СММ қабул гардида, кишвари мо ҳамчун пешсаф дар масъалаҳои рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Дар ҳуҷҷатҳои асосии стратегии Тоҷикистон масъалаҳои рушди сабз, табодули рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, мутобиқшавӣ ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки дар он ҲРУ ҳамгироӣ шудаанд. Дар заминаи ин ҳуҷҷат дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла барномаҳо ва харитаи роҳи муштарак қабул карда мешаванд.
Қайд шуд, ки ҷониби Тоҷикистон барои таҳия ва татбиқи самараноки ин ҳуҷҷатҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкорӣ менамояд.