13 ноябри соли 2025 ҷаласаи якуми Шӯрои вазирони савдо ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вилояти Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар оғози суханронӣ Завқизода З. А. ба Ҳукумати Ҷуҳурии Узбекистон ҷиҳати ташкил ва баргузории ҷаласаи мазкур изҳори сипос намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз заминаи мустаҳками ҳамкорӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур дастовардҳои кишвар ва ташаббусҳои нави кишварҳои минтақа дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, энергетика, логистика ва технологияҳои муосир таъкид гардида, қайд карда шуд, ки зиёда аз 22 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд.
Дар идомаи суханронӣ Завқизода З. А. аз зарурати рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, савдои электронӣ ва кооператсияи саноатӣ таъкид намуда, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои қайдгардида даъват ба амал овард. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ бо хушнудӣ пазируфта шуданд.
Инчунин дар ин ҷаласа Баёнияи муштарак аз натиҷаи ҷаласаи 1-уми Шурои вазирони савдо ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Маркази ба имзо расид.
Дар анҷоми ҷаласа Завқизода З. А. омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар доираи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ иброз намуд.