13 ноябри соли 2025 дар вилояти Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми ҳамкориҳои байниминтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон таҳти унвони «Ҳамкории бе марз» баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин иштирок ва суханронӣ намуд.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон имрӯз заминаи мустаҳками ҳамкорӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар Форум дастовардҳои кишвар дар самти рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, аз ҷумла қабули Консепсияи иқтисоди рақамӣ, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021–2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» муаррифӣ гардид.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи татбиқи санадҳои номбаршуда, Тоҷикистон то ин давра якчанд корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст, аз ҷумла таъсиси стартапҳои рақамӣ Zypl.ai, ширкати финтехии Aлиф, портали савдои электронӣ Tajtrade, рақамикунонии якчанд соҳаҳои афзалиятнок, бахусус низоми дурнамосозӣ, низоми иҷозатдиҳии соҳаи саноат, бақайдгирии соҳибкорӣ, нақлиёт, энергетика, хизматрасониҳои бонкӣ, пардохтҳои андозӣ, маориф, тандурустӣ ва муносибатҳои хориҷӣ мебошанд.
Ҳамзамон Завқизода З. А. ҷиҳати истифодаи имкониятҳои гидроэнергетикӣ, саноатӣ, инчунин роҳҳои нақлиётӣ ва логистикии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои мазкур даъват ба амал овард.
Дар ҷараёни форум намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва мақомоти давлатӣ масъалаҳои ҳамкории саноатӣ, рушди истеҳсолот, коҳиш додани монеаҳои логистикӣ, беҳтарсозии равандҳои гумрукӣ ва ташкили шабакаҳои нави тиҷоратиро барои минтақаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ намуданд.