5 ноябри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии вазорат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуҷҷати тақдирсоз буда, барои рушду нумӯи кишвар саҳми назаррас гузоштааст.
Ҳамзамон Завқизода З. А. қайд кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагию бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии вазорат – Сафарзода Баҳодур Пулод оид ба аҳаммияти бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми қонунгузории кишвар баромад намуд.
Завқизода З. А. таъкид кард, ки кормандони вазорат вазифадоранд риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунгузории кишварро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, барои ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ , таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар доимо талош варзанд.
Ҳамзамон дар анҷом ҳозиринро бори дигар бо ин ҷашни муқаддас табрик карда, ба онҳо саломатӣ, тинҷию оромӣ, муваффақиятҳои беназир орзу намуд.