Санаи 31 октябри соли 2025 муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. дар ҷаласаи муштараки 14-уми Маҷмааи умумӣ ва ҷаласаи 18-уми Шӯрои Институти Глобалии Рушди Сабз (GGGI) (ҷаласа ва Ҳафтаи Ҷаҳонии Рушди Сабз (GGGWeek2025), ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. дар ҷаласаи мазкур баромад намуда, иброз дошт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 мавриди амал қарор дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба кишвари «сабз» мубаддал гардидан, тамоми тадбирҳоро андешида истодааст ва дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонидааст.
Қайд гардид, ки 98 фоизи энергияи барқ дар кишвар аз манбаҳои барқароршаванда тавлид мегардад ва барои кабудизоркунии мамлакат барномаи давлатӣ қабул шудааст.
Барои татбиқи лоиҳаҳои «сабз» дар кишвар зарур шуморида шуд, ки аз созмонҳои байналмилалӣ ва фондҳои гуногун дар чаҳорчубаи GGGI маблағҳо ҷалб гарданд.
Бо ин мақсад дар баромади худ Солеҳзода А. А. якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тадбирҳои муҳимро дар самти ҳамкории Тоҷикистон бо GGGI пешниҳод намуд.
Ҳамчунин дар баромади худ Солеҳзода А. А. қайд намуданд, ки «мо итминон дорем, ки GGGI ба шарики асосӣ барои кишвари мо табдил меёбад, ки ба рушди устувор, гузариши одилонаи энергетикӣ ва ташаккули иқтисоди «сабз» талош дорад» ва омодагии кишвар барои иштироки фаъол дар ташаккули рӯзномаи Институт дар давраи оянда изҳор намуд.
Дар охири ҷаласа Стратегияи GGGI барои солҳои 2026-2030 баъди муҳокимаҳо қабул гардид.
Қайд менамоем, ки аз 25 октябри соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти Глобалии Рушди Сабз (GGGI) шомил шудааст.