22 октябри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегии зерин баррасӣ гардид.
- Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028;
- Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025;
- Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (стандарти байналмилалии Глобал GAP).
Оид ба рафти татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Л. А., муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С. С. ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анварӣ Нигина рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои қайдгардида ҷиҳати сари вақт иҷро намудани бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои ҳуҷҷатҳо, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳо ва вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мегардад.