15 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайид баргузор гардид.
Завқизода З. А. баён намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Дар ҷаласаи Комиссия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои вохӯриҳои роҳбарони ҳарду давлат 15 сентябри соли 2025 ва 2 октябри соли 2024 масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардиданд.
Завқизода З. А. ба ҷониби Қатар ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи НБО «Роғун» бо маблағи 50 млн. доллар аз ҳисоби Фонди рушди Қатар, ки он 24 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд, изҳори миннатдорӣ намуда, барои ҷудо намудани тақрибан 500 млн. доллар ба ин лоиҳа аз ҷониби Фонди мазкур даъват ба амал овард.
Қайд гардид, ки лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун», шаҳраки «Диёри Душанбе» ва «Масҷиди ҷомеи Душанбе» ба маблағи умумии 255 млн. доллар намунаи беҳтарини ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Қатар ба шумор мераванд. Масҷиди ҷомеи Душанбе бо сармоягузории 100 млн. доллари Қатар бунёд ёфта, 8 июни соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амири Давлати Қатар расман ифтитоҳ гардид ва имрӯз ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар хизмат мекунад. Марҳилаи аввали лоиҳаи «Диёри Душанбе» бо маблағи 65 млн. доллар дар асоси сармоягузории ширкати «Diyar Qatar» амалӣ гардида, айни замон марҳилаи дуюми он ба маблағи 40 млн. доллар оғоз ёфтааст ва марҳилаҳои минбаъда ба маблағи умумии 95 млн. доллар ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамзамон Завқизода З. А. бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи 14 лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла идома додани лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва боркашонӣ (карго) дар ноҳияи Данғара, таъсиси ширкати муштараки ҳавоӣ ва хариди ҳавопаймоҳо, инчунин 3 лоиҳаҳои афзалиятноки хайриявӣ, бахусус сохтмони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратон ва муассисаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона даъват ба амал овард.
Ҷонибҳо аз кушода шудани хатсайрҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа ва ҷорӣ гардидани низоми бераводид байни давлатҳо хуш истиқбол намуда, барои кушодани хатсайрҳои иловагӣ аз ҷониби ширкати Қатар эйрвейс ва рушди сайёҳӣ таклифҳо пешниҳод намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 200 нафар муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Қатар сафарбар шудаанд ва гуфтушунидҳо ҷиҳати марҳила ба марҳила то 4000 нафар расонидани шумораи онҳо идома доранд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷониби қатарӣ омодагии худро ҷиҳати пайгирии лоиҳаҳои дар баррасии он ҷониб қарордошта изҳор намуд.
Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи мазкур ҳайатҳои Тоҷикистону Қатар Протоколи ҷаласаи Комиссияро ба имзо расониданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз 25 августи соли 2011 ба имзо расид.
Қайд бояд кард, ки ҳайати расмии Давлати Қатар таҳти роҳбари Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайид иборат аз вазирон ва муовинони вазирони вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорони Қатар аз 13 октябри соли 2025 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Инчунин ҳайати расмии Қатар дар Форуми байналмилалии сармоягузории Dushanbe invest-2025 иштирок намуда, ба кори Форум баҳои баланд доданд.