14 октябри соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат вохӯрӣ ва мусоҳиба вобаста ба муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Дар робита ба ин Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло қайд намуд, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Дар ҷамъомад нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти адлия Абдуллозода Одил Толиб бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат вобаста ба муҳтавои моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд.