3 октябри соли 2025 бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар суханронии табрикотии худ Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин суханони волои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст» қайд намуд.
Қайд гардид, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ, таваҷҷуҳу ғамхориҳои аввалиндараҷа ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатии кишвар ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, он пояи давлатдории тоҷикон, нишонаи ҳувият ва боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳ ва ватандӯст гардидааст.
Дар анҷоми ҷамъомад ба кормандони вазорат бо мақсади дар сатҳи олӣ донистани забон, ҳифзи арзишҳои он, нигоҳдорӣ ва беолоиш расонидани забони давлатӣ ба наслҳои оянда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.