Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ рӯзи 16 сентябри соли 2025 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ аз қабили шириниҳо ва сару либос расонида шуд.
Насриддинзода Р. Ҳ. дар навбати аввал аз Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод дидан карда, дар вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорон ва тарбиятгирандагони муассисаи мазкур оид ба ғамхориҳо ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи зиндагӣ, таҳсили ятимон ва оилаҳои ниёзманд суханронӣ намуд.
Ҳамзамон муовини Вазир онҳоро ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику шодбош гуфта, инчунин тарбиятгирандагонро ба омӯзиши пайвастаи илму маърифат, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва пайравӣ аз сиёсати маорифпарварона, сулҳдӯстона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат роҳнамоӣ намуд.
Дар охир изҳор карда шуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун сарпараст, омодааст ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба бо Муассисаи мазкур ҳамкории судмандро пайваста роҳандозӣ намояд.