18 сентябри соли 2025 дар ҳошияи Форуми сармоягузории сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ, Сардор Ясир Иляс Хон баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Нуриддинзода А. Н. изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон пайваста рушд намуда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, афзоиши гардиши мол, ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва ворид намудани технологияҳои навро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати истифодаи имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергияи барқароршаванда, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистика таъкид карданд.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузург, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки барои бозори бузурги Покистон манфиати муштарак эҷод мекунанд.
Сардор Ясир Иляс Хон омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба густариши робитаҳои байни соҳибкорони ду кишвар, ташкили чорабиниҳои муштарак ва ҷалби сармояи покистонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон иброз дошт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки бо истифода аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун густариш ёфта, ба таҳкими равобити дӯстона ва рушди иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.