Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иштирок намуд.
Cубҳи 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии ноҳия маросими расмии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо барномаи фарҳангии театрикунонидашуда баргузор гардид.
Завқизода З. А. дар чорабинӣ баромад намуда, сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик карда, ба як қатор кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муносибати ин ҷашни таърихӣ медалу ифтихорномаҳо тақдим намуд.
Завқизода З. А. зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар давоми соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил боз рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таъмин гардид. Аз ҷумла танҳо дар 24 соли замони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ 13 маротибагӣ, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 218 маротиба ва музди миёнаи меҳнати сокинон беш аз 191 маротиба зиёд гардид.
Қайд гардид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Панҷ то имрӯз 80 фоизи иншоотҳои банақшагирифта дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ноҳия сохта ба истифода дода шуданд ва корҳои ободонию созандагӣ дар боқимондаи ин иншоотҳо бомаром идома доранд. Бинобар ин, Завқизода З. А. аз сокинон, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия даъват ба амал овард, ки дар ҷавоб ба дастгириву ғамхориҳо ва раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолию боғу токзорҳо, истифодаи самараноки заминҳо барои кишту ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ ва тозагию покизагии маҳалли зисти худро бо мақсади бо дастовардҳои арзанда ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат диҳанд.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Панҷ, Завқизода З. А. дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла 2 мактаб ва 1 варзишгоҳ дар шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, сокинонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани иншооти навбунёд табрику таҳният намуд.
Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Раиси ноҳияи Панҷ дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия баргузор гардид, иштирок карданд.