Рӯзҳои 4–5 сентябри соли 2025 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин дар Форуми нуҳуми зерминтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Нуриддинзода А. Н. дар кори Форуми нуҳуми бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шимолӣ оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), ки бо ташаббуси Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ширкат варзид. Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба хотири баррасии раванди пешрафт ва мушкилоту монеаҳо дар роҳи татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор то соли 2030 ҷамъ овард.
Дар суханронии худ Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор ба ҳуҷҷатҳои муҳими стратегияи миллӣ Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021–2025 муаррифӣ намуданд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Шарҳи ихтиёрии миллӣ ва аввалин Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе намунаи муваффақи маҳаллисозии ҲРУ дар сатҳи пойтахтро таҳия намудааст.
Тибқи Индекси ҲРУ барои соли 2023, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, таъмини истеъмол ва истеҳсоли устувор, дастрасӣ ба манбаъҳои энергияи тоза ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, сатҳи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар ба 73% ва ба хизматрасониҳои беҳдоштӣ ба 64% расидааст.
Ҳамзамон Нуриддинзода А. Н. дар ҷаласаи панелии бахшида ба Ҳадафи рушди устувори 6 «Об ва беҳдошт» бо маърӯзаи мухтасар баромад намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар самти татбиқи барномаҳои марбут ба рушди инфрасохтори соҳа ва тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ фаъолона амал менамояд, балки ҳамчун пешсафи эътирофшудаи дипломатияи об дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз нӯҳ қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба масъалаҳои об ташаббус намудааст ва дар ҳаммуаллифии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об, ки соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, саҳми назаррас гузошт, ки дар натиҷаи он Рӯзномаи ҷаҳонии амал оид ба об роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни Форум, инчунин миёни кишварҳои минтақа табодули таҷриба дар самти таҳияи Шарҳҳои ихтиёрии миллӣ ва маҳаллӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ барои мониторинги раванди татбиқи ҲРУ ва таҳкими шарикӣ ба хотири рушди устувор сурат гирифт.
Барои маълумот: Форуми Ҳадафҳои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шимолӣ ҳамчун минбари муҳими минтақавӣ баҳри баррасии раванди татбиқи ҲРУ, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҳамоҳангсозии талошҳо ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 хизмат менамояд. Натиҷаҳои муҳокима ва хулосаҳои Форум дар раванди омодагӣ ба Форуми сатҳи баланди сиёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд, ба инобат гирифта мешаванд.