18 августи соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо донишҷӯёне, ки дар озмуни имтиҳони дохилшавӣ тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ғолиб омадаанд, баргузор гардид.
Завқизода З. А. донишҷӯёнро барои дарёфти стипендияи мазкур табрик гуфта қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҳамасола аз ҳисоби фонди Президентӣ ҷавонони соҳибистеъдод дар муассисаҳои таҳсилоти олии маъруфи кишварҳои хориҷӣ таҳсил намоянд.
Қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №1445 «Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040» ҳангоми интихоби довталабон афзалияти аввалиндараҷа ба ихтисосҳои равияҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ ба монанди ихтисосҳои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, эконометрика ва муҳандисони самтҳои гуногун дода мешавад.
Таъкид гардид, ки тибқи роҳнамоиҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат ҳар як донишҷӯи таҳсилкунандаи кишвари хориҷӣ бояд дар баробари таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ, инчунин муаррифгари арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин ру аз донишҷуёни қайдгардида даъват ба амал оварда шуд, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, баъди баргаштан ба Ватани маҳбубамон саҳми худро дар рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ гузоранд.
Дар охир донишҷӯён ваъда доданд, ки донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм менамоем.