24 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти кории муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Нематов Илҳом Туйчиевич баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷараёни омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раёсат дар ИДМ дар соли 2025 ва масъалаҳои марбут ба баргузории чорабиниҳои асосӣ, аз ҷумла ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди устувор, аз қабили иқтисоди сабз, илм ва маориф, инчунин густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва логистикӣ аҳамияти хоса медиҳад.
Қайд гардид, ки ҳаҷми гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 2,1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз зиёд аст.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич ва таъмини сатҳи баланди ташкилӣ зимни баргузории чорабиниҳои дар доираи раёсати Тоҷикистон пешбинишуда таъкид намуданд.