24 июли соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи якум оид ба таҳияи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (БМР 2026-2030) баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Завқизода З. А. қайд намуд, ки лоиҳаи БМР 2026–2030 ҷиҳати иҷрои супориши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар таҳия гардида, таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо барои такмили лоиҳаи Барномаи мазкур муҳим мебошад.
Сипас ба иштироккунандагон лоиҳаи БМР 2026–2030 муаррифӣ карда шуд, ки дар он ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди саноат ва зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот, рушди сармояи инсонӣ ва дигарҳо инъикос гардиданд.
Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони адлия, молия, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, раисони Бонки миллӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Директори Агентии содирот ва муовинони вазорату идораҳои дигар суханронӣ намуда, пешниҳодҳои созанда оид ба такмили лоиҳаи БМР 2026–2030 манзур карданд.
Қайд бояд кард, ки Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 марҳилаи сеюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми ҷаласа фикру пешниҳодҳо ва натиҷаи муҳокимаҳо ҷамъбаст гардида, қадамҳои минбаъдаи таҳияи лоиҳаи БМР 2026–2030 ва машваратҳои оянда муайян карда шуданд.