18 июли соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода А. А. якҷо бо роҳбарияти вазорату идораҳо ҷаласаи корӣ оид ба иҷрои сифатнок ва саривақтии дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 баргузор гардид.
Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои таъмини устувории макроиқтисодӣ дар кишвар дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ замина гузошт. Ҷиҳати то охири сол нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо тадбирҳо муайян гардидаанд ва зарур шуморида шуд, ки вазорату идораҳо таҳлилҳои соҳавии худро вобаста ба тамоюлҳои ҷойдошта ба котиботи Гурӯҳи корӣ пешниҳод намоянд.
Бо назардошти муайян намудани манбаъҳои иловагии рушди иқтисоди миллӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028» қабул карда шуда, лоиҳаҳои Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030, Нақшаи амали (барои солҳои 2026-2028) Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва як қатор дигар ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии кишвар таҳия гардиданд.
Ҳуҷҷатҳои қайдшуда мувофиқ ба ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххасро фаро гирифтаанд.
Дар ҷаласа вобаста ба афзалиятҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи минбаъда муҳокимаронӣ сурат гирифт. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа вобаста ба иҷрои супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи кишвар маълумот дода шуд.
Дар охир аз вазорату идораҳои марбута дархост карда шуд, ки доир ба масъалаҳои таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат таклифу пешниҳодҳои мушаххаси соҳавиро бо асосноккунии амиқ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намоянд.