Санаи 17 июли соли 2025 дар меҳмонхонаи “Hayat Regency”-и шаҳри Душанбе бо ташабуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Вазорати иқтисод ва сайёҳии АМА Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
Дар Форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои энергетика, сайеҳӣ, сохтмон, нақлиёт, логистика, молиявию бонкдории Тоҷикистону АМА иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи расмӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири иқтисод ва сайёҳии АМА Абдулло бин Тавқ Ал Марри меҳмонон ва иштирокчиёни Форумро хайрамақдам гуфта, баргузории чорабиниро қадами муҳим дар тавсеаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар арзёбӣ намуданд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён ҳамкориҳои дуҷониба мунтазам рушд карда, ба сатҳи баланд баромаданд.
Қайд гардид, ки дар соли 2024 гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва АМА ба 91,9 миллион доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли 2023 61% бештар аст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2025 ҳаҷми савдо ба 57,6 миллион доллар расид, ки 2,3 маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Қайд гардид, ки ҳоло 36 корхонаҳои АМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, аз ҷумла Фонди рушди Абу Даби, Сипар Гурӯҳ, Оксус ва дигарон. Бахусус гуфтушунидҳо бо ширкати Масдар оид ба сохтмони 400 мегаватт нерӯгоҳи барқии офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Ширкати Абу Даби Порт якҷо бо Авесто Гурӯҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази логистикию содиротӣ месозанд.
Бо назардошти мавҷудияти имкониятҳои васеи истифоданашудаи ҳамкорӣ ва татбиқи ислоҳоти назарраси фазои сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, рақамикунонӣ, саноати коркард, истихроҷ, энергияи сабз, кишоварзӣ, инфрасохтор, логистика ва сайёҳӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар доираи Форум ҷаласаҳои мавзӯӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ, сармоягузорӣ, энергетика ва бонкдорӣ баргузор карда шуданд, ки дар онҳо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои бонуфузи Тоҷикистону АМА ба монанди Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон, Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, директори КВД «Тоҷинвест» Дилшод Ҷӯраев, Муовини дуюми Раиси Палата ва Директори генералии Палатаи Абу Даби Шомис Алӣ Халфан Аз-Зоҳирӣ, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар, Раиси ширкати сармоягузории 40 Капитали (40 Capital) АМА Абдулло Ал-Ниязӣ, Мудири бахши ҳамкорӣ бо Узбекистон ширкати сармоягузории Масдари (Masdar) АМА Беҳзод Тешабоев, Мудири иҷроияи бахши амалиёти ширкати сармоягузории Ипойнт Зироу (Epoint Zero) Муҳаммад Зафар, Мудири бахши ҳамкории глобалӣ бо ҳукуматҳо ва давлатҳои соҳибихтиёр дар Бонки Аввалини Абӯ Даби Абдулло Алҷунайбӣ ва Директори генералии ҶСК «АлифБонк»-и Тоҷикистон Гуланор Атобек бо рӯнамову маърӯзаҳо суханронӣ ва шарикони ҳамтои худро барои ҳамкорӣ даъват намуданд.
Дар доираи Форум якчанд санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ оид ба робитаҳои ҳавоӣ миёни Мақомоти федеролии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳуми чортарафа байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои зеҳни сунъии назди ин Вазорат, КВД “Шаҳри ҳушманди Душанбе” ва ширкати Presight AI LTD-и АМА дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ ба имзо расонида шуданд. Созишномаҳои мазкур ба тақвияти муносибатҳои судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозии хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ миёни ду кишвар, инчунин роҳандозии зеҳни сунъӣ равона карда мешаванд.
Дар фарҷоми форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар формати “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) ва “Соҳибкор бо Давлат” баргузор гардиданд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайни шарикӣ мусоидат менамоянд.
Қайд бояд кард, ки ҳайати расмии АМА иборат аз роҳбарони вазорату идораҳо ва доираҳои сармоягузорони АМА бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва вазирону раисон вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд.
Барои дастрас намудани маълумоти бештар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони 223 17 51 ва ё тавассути суроғаи электронии infofez@mail.ru ва сомонаи www.medt.tj муроҷиат намоед.