15 июли соли 2025 вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. бо ҳайати миссияи таҳлилгарони Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Солеҳзода А. А. барои дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар ба Агентии мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, ҳайати миссияро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди милллӣ шинос намуд.
Бахусус қайд гардид, ки дар соли 2024 ва нимсолаи якуми соли 2025 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устувории макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардид. Аз ҷумла дар соли 2024 суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,4 фоизро ташкил дод.
Бо назардошти дар 5 соли охир зиёда аз 8 фоизӣ таъмин гардидани рушди иқтисодии кишвар аз Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» дархост карда шуд, ки дурнамои худро нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувор гардидани рушди иқтисоди миллӣ дар давраи миёнамуҳлат баланд бардоранд, ки аз он ҷониб хуб пазируфта шуд.
Дар доираи мулоқот ҳайати миссияи таҳлилгарони Агентӣ ба устувории макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистон дар соли 2024 баҳои сазовор дода, қайд намуданд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна иқтисоди миллӣ дар кишвар дар солҳои охир дар сатҳи баланд таъмин гардидааст.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, изҳор намуданд.