10 июли соли 2025 дар шаҳри Тянзини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар доираи Форуми иқтисоди рақамии СҲШ 2025 баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии кишвар бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок ва сӯханронӣ намуд.
Завқизода З. А. дар оғози сӯханронӣ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкориҳо дар доираи СҲШ аҳамияти махсус медиҳад. Дар натиҷа ҳиссаи кишварҳои аъзои СҲШ дар гардиши савдо хориҷии Тоҷикистон то 72 фоиз зиёд шуд.
Инчунин аз ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати ташкили чунин платформаи муҳими ҳамгироӣ ва табодули таҷриба арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки дар замони муосир рушди иқтисоди рақамӣ ба сифати нерӯи ҳаракатдиҳандаи рушди устувори иқтисодӣ баромад мекунад. Таъкид гардид, ки имрӯз ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ ба беш аз 15 фоиз расида, ин нишондиҳанда дар солҳои наздик 20 фоизро ташкил хоҳад дод.
Дар рафти сӯханронӣ Завқизода З. А. дастовардҳои кишварро дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ муаррифӣ намуда, қайд кард, ки бо назардошти аҳамияти калидии ин самт дар кишвар солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомҳои муҳим, аз ҷумла қабули ҳуҷҷатҳои стратегӣ, таъсиси сохтори нави соҳа, ҷорӣ гардидани платформаҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рақамигардонии хизматрасониҳои низоми «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и Душанбе» ва рушди стартапҳои рақамии дорои нуфузи байналмилалӣ zypl.ai амалӣ гардидаанд.
Дар доираи ин чорабинӣ вохӯриҳои кӯтоҳи ҳайати кишвар бо мири шаҳри Тянзин Чжан Гун ва муовини сарвазири Мянма Мя Тун У баргузор ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.