7 июли соли 2025 дар доираи Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Сидиков Бакит Толомушевич баргузор гардид.
Завқизода З. А. изҳор дошт, ки бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров равобити ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромада, заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ фароҳам овардааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба аҳамияти тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.
Дар асоси дастуру супориши сарони ду давлат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва расонидани ҳаҷми савдо то ба 500 млн. доллар дар давраи миёнамуҳлат баён намуданд.
Дар Харитаи роҳ тадбирҳои зарурӣ вобаста ба содироту воридоти молҳои талабгори тарафайн, соддагардонии расмиёти савдо, интиқол ва транзити молҳо, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ ва истифодаи долонҳои иқтисодию тиҷоратӣ ворид карда мешаванд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.