3 июли соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона ҷаноби Салман Бал дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария муносибатҳои ҳарду давлат пайваста рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар моҳҳои январ-майи соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ бо Швейтсария 49,8 млн. долларро ташкил намуда, миёни кишварҳои Аврупо дар ҷойи дуюм қарор гирифт.
Инчунин дар доираи вохӯрӣ вобаста ба ташрифи соҳибкорони Швейтсария ба Тоҷикистон (15-19 сентябри соли 2025) мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои амалкунанда изҳор намуданд.