Дар кори ҷаласа муовинон, сардорони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратӣ ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки фаъолияти тамоми воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат бояд пеш аз ҳама ба иҷрои пурра, босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои муқаррарнамудаи низомномаи вазорат равона карда шавад.