Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии адабию илмии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва мероси гаронбаҳои яке аз бузургтарин чеҳраҳои илмӣ ва фарҳангии тамаддуни миллати тоҷик — Абӯалӣ ибни…
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии адабию илмии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва мероси гаронбаҳои яке аз бузургтарин чеҳраҳои илмӣ ва фарҳангии тамаддуни миллати тоҷик — Абӯалӣ ибни Сино бахшида шуд.
Дар маҳфил таъкид гардид, ки Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун донишманди энсиклопедист дар рушди илми тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, риёзиёт ва дигар соҳаҳои илми тоҷик саҳми бесобиқа гузошта, осори ӯ дар ташаккули афкори илмии ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Номи ин фарзанди барӯманди миллати тоҷик дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун рамзи дониш, хирад ва хизмат ба инсон сабт гардидааст.
Зимни маҳфил иштирокчиён оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти илмии Ибни Сино андешаҳои худро баён намуда, аз осори гаронбаҳои ӯ ва аҳаммияти илмии онҳо ёдовар шуданд. Аз ҷумла, ба асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» («Қонуни тиб») ва дигар осори илмӣ-фалсафии донишманд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҳамчунин, дар фазои маҳфил пораҳои осори адабӣ ва андешаҳои ҳикматомӯзи марбут ба мақоми илму дониш дар зиндагии инсон қироат гардида, иштирокчиён перомуни арзиши маънавии мероси Ибни Сино ва нақши он дар тарбияи насли донишманду худогоҳ мубодилаи афкор намуданд.