Дар Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва чорабинии минтақавии соҳавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд,…
Дар Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва чорабинии минтақавии соҳавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд, кормандони воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани табрикии Сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Аҳтам Абдуллозода оғоз гардида, мавсуф ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди устувори мамлакат заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои муҳими ҷомеа устувор гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар идомаи ҳамоиш масъулини Раёсати Хадамоти иҷро ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳа ва фаъолияти мақомоти иҷро маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ барои фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷро, заминаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам оварда шуда, баланд бардоштани масъулияти хизматӣ, риояи қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва дигар санадҳои мақомоти давлатӣ аз вазифаҳои муҳими кормандони соҳа ба ҳисоб меравад.