Дар заминаи сиёсати созанда ва иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва гиромидошти хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои…
Дар заминаи сиёсати созанда ва иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва гиромидошти хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат ва таҳкими арзишҳои миллӣ, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» кормандони мақомоти иҷро аз Оромгоҳи ёдгории Лучоб боздид намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи таъриху фарҳанги миллӣ — Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуда, дар Оромгоҳи мазкур ба хок супорида шуд.
Ҳадаф аз боздиди кормандони Хадамоти иҷро гиромидошти хотираи фарзандони барӯманди миллат, эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ миёни кормандон мебошад.