Дар Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият, масъулини Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон ва кормандони сохторҳои он дар…
Дар Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият, масъулини Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон ва кормандони сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш Сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Аҳтам Абдуллозода иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, Истиқлоли давлатиро ҳамчун арзиши муқаддастарин ва дастоварди беназири халқи тоҷик дар роҳи давлатсозиву давлатдорӣ арзёбӣ карданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавқеи устувори худро пайдо намуда, барои таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам гардид.
Саҳму нақши Пешвои муаззами миллат дар роҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон басо арзишманд мебошад. Бо талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар таъмин гардида, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳифз ва таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, риояи қонунгузорӣ, иҷрои саривақтии вазифаҳои хизматӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлату ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, масъулини Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳа маърӯзаҳо намуданд.