Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-адабии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Маҳфил бо мақсади баланд бардоштани маърифати маънавию ахлоқии кормандон, тақвияти ҷаҳонбинии онҳо ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои…
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-адабии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид. Маҳфил бо мақсади баланд бардоштани маърифати маънавию ахлоқии кормандон, тақвияти ҷаҳонбинии онҳо ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик баргузор карда шуд.
Дар маҳфил яке аз осари арзишманди адабиёти классикии форсу тоҷик — «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт.
Зимни чорабинӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабию маърифатии Унсурмаолии Кайковус, ҷойгоҳ ва аҳаммияти таърихию адабии «Қобуснома» маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамзамон, андешаҳои ахлоқию тарбиявӣ ва панду ҳикматҳои дар ин асари безавол инъикосёфта мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки «Қобуснома» на танҳо яке аз шоҳкориҳои адабиёти классикии форсу тоҷик, балки сарчашмаи муҳими андешаҳои ахлоқию иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар он масъалаҳои илмомӯзӣ, одоби муошират, эҳтироми падару модар ва калонсолон, ростқавлӣ, адолат, масъулиятшиносӣ, хоксорӣ, ҳунармандӣ ва муносибати шоиста ба инсон мавқеи муҳим доранд.
Зимни муҳокима иштирокчиён андешаҳои худро оид ба аҳаммияти панду андарзҳои «Қобуснома» дар замони муосир баён намуда, таъкид карданд, ки арзишҳои инсонӣ ва ахлоқии дар асар матраҳшуда барои тарбияи шахсияти комил ва ташаккули фарҳанги баланди муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳаммияти хосса доранд.
Маҳфили «Бардошти маънӣ» ҳамчун воситаи муассири маърифатӣ ба баланд гардидани завқи адабии кормандон, таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва шинохти бештари мероси гаронбаҳои ниёгон мусоидат менамояд.
Маҳфил дар фазои озоди маънавию фарҳангӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, иштирокчиён аз муҳтавои пурғановати асари «Қобуснома» баҳра бардоштанд.