Дар доираи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ бахшида ба эълони «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он шанбегии дастҷамъона…
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ бахшида ба эълони «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он шанбегии дастҷамъона баргузор гардид.
Дар рафти шанбегӣ кормандони Хадамот бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ иштирок намуда, дар корҳои ободониву тозагӣ саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, саҳни ҳавлӣ ва атрофи бино аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза гардида, бехи дарахтону гулбуттаҳо нарм карда шуданд. Ҳамзамон, роҳравҳо ва ҳудуди бино ба тартиб дароварда шуда, корҳои беҳдоштию ободонӣ анҷом дода шуданд.
Баргузории чунин иқдомҳо дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ба таҳкими фарҳанги ободкорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва муносибати ғамхорона ба муҳити зист мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки ободониву созандагӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони Хадамоти иҷро ба ҳисоб рафта, чунин корҳои созандагӣ дар Хадамот ва воҳидҳои сохтории он минбаъд низ мунтазам идома дода мешаванд.