Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик ва таҳкими завқи маънавию адабии кормандон маҳфили навбатии "Бардошти маънӣ" бахшида ба эҷодиёти сардафтари адабиёти…
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангии миллати тоҷик ва таҳкими завқи маънавию адабии кормандон маҳфили навбатии "Бардошти маънӣ" бахшида ба эҷодиёти сардафтари адабиёти классикии тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҳфил кормандон роҷеъ ба зиндагинома, фаъолияти адабӣ ва мақоми устод Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти классикии тоҷик андешаҳои худро баён намуда, аз ашъори безаволи шоир намунаҳо қироат карданд.
Зикр гардид, ки осори Рӯдакӣ бо ғояҳои инсонпарварӣ, хирадгароӣ, дӯстиву ваҳдат, некӣ ва ахлоқи ҳамида саршор буда, ҳамчун ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик барои наслҳои имрӯз ва оянда аҳамияти бузург дорад.
Ҳамзамон, иштирокдорон тавассути таҳлилу баррасии намунаҳои ашъори шоир кӯшиш намуданд, ки аз сухани Рӯдакӣ маъниҳои тоза дарёфт намуда, арзиши маънавию тарбиявии онҳоро дар зиндагии имрӯза бозгӯ намоянд.