Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни бузурги умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу…
Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни бузурги умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, роҳбарият, кормандони Хадамоти иҷро ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, инчунин аҳли илму адаб ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Ализода Зариф суханронӣ намуда, аз заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистони азиз ёдовар гардиданд. Ҳамзамон, ҳозиринро ба муносибати яке аз муқаддастарин ва волотарин ҷашнҳои миллати тоҷик - Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, ба як қатор кормандони мақомот мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти маҳбуби миллат тақдим доштанд.
Сипас, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 муҳтарам Аҳтам Абдуллозода баромад намуда, таъкид дошт, ки имрӯз истиқлолият ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рамзи нангу номуси миллӣ, мояи ифтихор ва сарчашмаи худшиносиву худогоҳии ҳар як фарди тоҷик табдил ёфта, нерӯманд гардидани пояҳои давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи заҳмату талошҳои хастанопазир ва самараи бевоситаи меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки бояд ҳар як фарди тоҷик аз неъмати истиқлолу озодӣ шукрона намояд ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар бо нархи ҷони худ қимматтарин ганҷинаи ноёби миллат - Истиқлоли давлатиро пос дошта, баҳри якпорчагии ватани маҳбуб, пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва муқаддасоти давлатӣ талош созад.