Ба муносибати ҷашни бузурги умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ, масъулияти баланди касбӣ, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи…
Ба муносибати ҷашни бузурги умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ, масъулияти баланди касбӣ, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи босамари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, як қатор кормандони мақомоти иҷро бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бо мақсади қадршиносӣ аз фаъолияти назарраси кормандон, ба онҳо Ифтихорнома, Сипоснома, инчунин рутбаҳои дараҷавӣ ва тахассусӣ тақдим гардиданд.
Кормандони мақомоти иҷро дар давраи фаъолияти хизматии худ бо риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба вазифаи касбӣ барои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар таҳкими волоияти қонун пайваста талош менамоянд.
Зикр гардид, ки чунин қадршиносӣ пеш аз ҳама нишони эътирофи фаъолияти самаранок ва меҳнати содиқонаи кормандони соҳа буда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам масъулиятнок, ташаббускорӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ҳидоят менамояд.