Бо мақсади қадрдонӣ аз хизматҳои шоиста, фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаи хизматчиёни давлатӣ дар таҳкими волоияти қонун, таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,…
Бо мақсади қадрдонӣ аз хизматҳои шоиста, фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаи хизматчиёни давлатӣ дар таҳкими волоияти қонун, таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Ализода Зариф иштирок намуда, ба як қатор кормандони мақомот мукофотҳои давлатиро аз номи Пешвои муаззами миллат тақдим доштанд.
Ин қадрдонии давлатӣ далели таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти мақомоти иҷро, баланд бардоштани мақому манзалати хизматчиёни давлатӣ ва эътирофи заҳмати содиқонаи кормандоне мебошад, ки дар роҳи таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ фаъолияти босамар доранд.
Аз ҷумла, барои хизмати шоиста, саҳми арзанда дар таҳкими қонунияту тартибот, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва фаъолияти самаранок 9 нафар кормандони Хадамот бо медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қадрдонии баландро ҳамчун эътимоду эътирофи фаъолияти кормандони соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин таваҷҷуҳ барои ҳар як корманди мақомоти иҷро мояи ифтихор ва масъулияти бузург мебошад.
Кормандони Хадамоти иҷро барои ин қадршиносии арзанда ба Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати кишвар изҳори миннатдории самимӣ баён намуда, таъкид карданд, ки чунин эътимоду таваҷҷуҳ онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самараноктар, иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими волоияти қонун, таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳидоят менамояд.