Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Парвози андеша дар осори ситораи дурахшони адабиёти муосири тоҷик –…
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Парвози андеша дар осори ситораи дурахшони адабиёти муосири тоҷик – Муҳаммад Ғоиб» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сардори Хадамот оғоз ёфта, мавсуф кормандонро ба муносибати ҷашни мубораки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ барои мардуми тоҷик заминаи устувори рушди давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овардааст.
Сипас, доир ба ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули эҷодии шоири маъруфи тоҷик Муҳаммад Ғоиб, саҳми арзандаи ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва ҷойгоҳи осори шоир дар тарғиби арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар идомаи маҳфил шоир Муҳаммад Ғоиб суханронӣ намуда, таъкид кард, ки озодиву соҳибистиқлолии имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи заҳматҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба гуфтаи шоир, агар дар васфи корнамоиҳои Пешвои миллат ҳатто шоире чизе ҳам нанависад, ободиву пешрафти кишвар худ далели раднопазири заҳматҳои бузурги Ҷаноби Олӣ маҳсуб меёбад.
Шоир ҳамчунин таъкид намуд, ки шоирӣ кори осон нест ва барои офаридани шеъри арзанда шоир бояд дорои дониш, ҷаҳонбинии васеъ, истеъдод ва маҳорати баланди эҷодӣ бошад. Ба андешаи ӯ, шеър бояд на танҳо эҳсосу андешаи шоирро ифода намояд, балки дар тарбияи маънавии ҷомеа, таҳкими муҳаббат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ низ нақши муассир дошта бошад.
Дар ҷараёни маҳфил иштирокчиён аз осори пурғановати шоир пораҳои шеърӣ қироат намуда, бо порчаҳои алоҳидаи ашъори ӯ фазои адабӣ ва фарҳангии чорабиниро боз ҳам рангин гардониданд.