Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ҳадафи он тарғиби фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати адабӣ ва эҳтиром ба мероси гаронбаҳои адабиёти миллӣ мебошад. Дар доираи…
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ҳадафи он тарғиби фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати адабӣ ва эҳтиром ба мероси гаронбаҳои адабиёти миллӣ мебошад.
Дар доираи маҳфили навбатӣ асари машҳури нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни маҳфил доир ба муҳтавои асар, воқеаҳои таърихӣ, арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва маҳорати эҷодии муаллиф мубодилаи афкор намуда, нақши ин асарро дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги тоҷикон муҳим арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми маҳфил таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои таҳкими ҷаҳонбинии маънавии кормандон, рушди тафаккури китобхон ва густариши фарҳанги мутолиа мусоидат намуда, дар тарбияи насли соҳибмаърифат саҳми арзанда мегузорад.