Дар дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба таҳлилу баррасии асари машҳури нависандаи шотландӣ Артур Конан Дойл — «Ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмс» бахшида шуд. Дар…
Дар дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Бардошти маънӣ» баргузор гардид, ки ба таҳлилу баррасии асари машҳури нависандаи шотландӣ Артур Конан Дойл — «Ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмс» бахшида шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони Хадамот фаъолона иштирок намуда, дар фазои дӯстона ва пур аз мубоҳисаҳои судманд андешаҳои худро оид ба муҳтавои асар баён карданд.
Дар рафти маҳфил иштирокчиён дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Артур Конан Дойл, пайдоиши қаҳрамони машҳури ӯ Шерлок Холмс ва аҳамияти ин асарҳо дар адабиёти ҷаҳон маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, хусусиятҳои хоси Шерлок Холмс, аз ҷумла зиракӣ, мушоҳидакорӣ, тафаккури мантиқӣ ва маҳорати ӯ дар кушодани муаммоҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, иштирокчиён муҳтавои як қатор ҳикояҳои машҳури силсилаи Шерлок Холмсро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, усулҳои таҳқиқ, хулосабарорӣ ва маҳорати қаҳрамонро дар кушодани ҷиноятҳои мураккаб шарҳу тавзеҳ доданд. Дар рафти маҳфил саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва муҳокимаҳои ҷолиб сурат гирифта, донишу ҷаҳонбинии иштирокчиён ғанӣ гардонида шуд.