Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии муштарак бо иштироки намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа ва дигар ниҳодҳои…
Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии муштарак бо иштироки намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа ва дигар ниҳодҳои дахлдор баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандон дар самти истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ, татбиқи самараноки хизматрасониҳои электронӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва молиявӣ, инчунин рушди ҳукумати электронӣ мебошад.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои истифодаи дурусти портали хизматрасониҳои давлатӣ (), портали ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (), талаботи асосии амнияти киберӣ ва молиявӣ, тартиби ҳифзи маълумот, инчунин дигар масъалаҳои муҳимми марбут ба рақамикунонии фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки татбиқи босамари технологияҳои рақамӣ, истифодаи дурусти системаҳои электронии давлатӣ ва риояи меъёрҳои амнияти иттилоотӣ аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, шаффофият ва беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳо ба шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.