eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
ИҚДОМҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ХАДАМОТИ ИҶРО
Саҳифаи асосӣ
More
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
ИҚДОМҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ХАДАМОТИ ИҶРО
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
2-28-98-39
Душанбе, хиёбони И. Сомони 8 ( Иттифоқи нависандагон - Мактаби №8)
25 июли 2026
ИҚДОМҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ХАДАМОТИ ИҶРО
Дар доираи нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии…
Previous slide
Next slide
Дар доираи нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастҷамъона баргузор гардид. Кормандон дар ин иқдом фаъолона иштирок намуда, дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва хуррамгардонии ҳудуди мақомот саҳм гузоштанд.
Дар рафти шанбегӣ кормандон саҳни ҳавлӣ ва атрофи биноро аз партовҳову алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтони сояафкану гулбуттаҳоро нарм карданд. Ҳамчунин, роҳравҳо ва саҳни бино пурра шустушӯ ва ба тартиб оварда шуданд, ки ин ба ҳусни коргоҳ таровати тоза бахшид.
Мақсад аз ин чорабинӣ саҳмгузорӣ дар ободии пойтахт ва татбиқи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Роҳбарияти Хадамот таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои ободонӣ дар мақомот ва воҳидҳои сохтории он минбаъд низ мунтазам идома меёбанд.