ДУШАНБЕ, 17 июли соли 2026 – Имрӯз, 17 июли соли 2026, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Хадамот ва намояндагони васоити ахбори…
ДУШАНБЕ, 17 июли соли 2026 – Имрӯз, 17 июли соли 2026, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Хадамот ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишаст, роҳбарияти Хадамоти иҷро оид ба дастовардҳои назаррас, рафти иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо иттилои муфассал пешниҳод намуданд.
Зимин баргузории нишаст таваҷҷуҳи хоса ба нақшаҳои минбаъдаи Хадамот ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии кор ва таъмини иҷрои саривақтӣ ва пурраи санадҳои дахлдор зоҳир карда шуд.
Роҳбарияти Хадамот ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма посухҳои мушаххас, дақиқ ва ҳамаҷониба доданд, ки ин ба таҳкими эътимоди ҷомеа ба фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар маҷмуъ, ин нишасти матбуотӣ ба таҳкими ҳамкории Хадамоти иҷро бо васоити ахбори омма замина гузошта, имкон фароҳам меорад, ки ҷомеа аз раванди иҷро ва қарорҳои ҳуқуқӣ дар кишвар ба таври саривақтӣ ва шаффоф огоҳ гардад.