Бо ибтикори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи кормандони мақомоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зердаври якуми даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Иҷрочии беҳтарини…
Бо ибтикори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи кормандони мақомоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зердаври якуми даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Иҷрочии беҳтарини сол - 2026» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти хизматӣ, такмили маҳорати касбии иҷрочиён, густариши донишҳои ҳуқуқӣ ва соҳавӣ, инчунин, муайян ва ҳавасмандгардонии кормандоне, ки фаъолияти муваффақу самарабахшро амалӣ менамоянд, ба шумор меравад.
Дар даври якуми озмун, ки аз ду марҳила иборат мебошад, комиссияи минтақавӣ сатҳи дониши касбии иҷрочиёнро тавассути иҷрои саволномаи тестии соҳавӣ, ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи соҳаи истеҳсолоти иҷро таҳия шудааст, мавриди арзёбӣ қарор медиҳад.
Дар даври дуюми озмун, дар якҷоягӣ бо санҷиши донишҳои назариявии иҷрочиёни ғолиби даври якум, параметрҳои зерин, аз ҷуила фоизи иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро (бо диққати махсус ба парвандаҳои вобаста ба алимент), фоизи маблағҳои ситонидашуда (аз ҷумла, ба манфиати давлат), андозаи пардохтҳои иҷро, дараҷаи риояи интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳо мавриди баҳогузорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ғолибони озмун аз ҷониби Хадамоти иҷро мутобиқи тартиби муқарраршуда, бо ҷоизаҳо, аз ҷумла ҷоми ифтихорӣ, сипоснома, ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва молӣ, ҳамчунин дигар туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ ва сарфароз гардонида мешаванд.