Санаи 9 июли соли 2026 ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Хадамот,…
Санаи 9 июли соли 2026 ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Хадамот, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдуллозода Аҳтам Рустам, сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Холиқзода, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Хадамот ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро муайян ва тибқи он масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи истеҳсолоти иҷроро мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд.
Тибқи рӯзномаи баргузории ҷаласа масъалаҳои муҳимми соҳавӣ, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти Хадамот дар соли ҷорӣ: дастовард, мушкилот ва роҳҳои бартарафсозии онҳо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Ҳамзамон, маълумоти таҳлилӣ дар самти истеҳсолоти иҷро, натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди махсуси назди сардори Хадамот, ҷараёни татбиқи маҳдудиятҳои қонунӣ нисбати қарздорон, таҳлили вазъи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, баррасии масъалаҳо вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро пешниҳод гардида, гузоришҳои шахсони масъул доир ба самтҳои фаъолият шунида шуданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти Хадамот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаи истеҳсолоти иҷро назаррас буда, иҷрочиёни мақомот салоҳияти иҷрои амалҳои маҷбуриро нисбати 28 418 истеҳсолотҳои иҷрои дар нимсолаи аввали соли 2026 оғозшуда истифода бурда, аз ин иҷрои 22 102 ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 282 955 820 сомонӣ, 36 000 доллари ИМА, 110 523 тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 986 130 рубли Федератсияи Россия, инчунин, 106 563 594 сомонӣ аз ҳисоби алиментсупорандагон, 33 858 420 аз ҳисоби маҳкумшудагони дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо кардаистода ва 15 282 132 сомонӣ аз ҳисоби қарздорони нисбаташон аз солҳои пеш маҳдудият гузошташуда таъмин гардидааст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 276 598 341 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идома таъкид гардид, яке аз самтҳои муҳимму афзалиятноки фаъолияти соҳа ин корбарӣ бо истеҳсолоти иҷро дар самти алимент маҳсуб ёфта, дар ин давра нисбат ба 95 917 (соли 2025 – 102 845) адад истеҳсолоти иҷро чораҳои иҷрои маҷбурӣ андешида шуда, ба манфиати ситонандагон ҷиҳати таъминоти фарзандони ноболиғ 106 563 594 сомонӣ (соли 2025 – 57 329 590 сомонӣ) ситонида шудааст, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 234 004 сомонӣ зиёд мебошанд.