Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи рушд ва рақамикунонии мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 дар шаҳри Душанбе бо иштироки иҷрочиёни мақомоти иҷро семинар - машварати омӯзиширо дар…
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи рушд ва рақамикунонии мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 дар шаҳри Душанбе бо иштироки иҷрочиёни мақомоти иҷро семинар - машварати омӯзиширо дар мавзуи «Танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор намуд.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии иҷрочиёни мақомоти иҷро, таҳлили мушкилоти мавҷудаи соҳа, такмили танзими давлатӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва муайян намудани роҳҳои муассири баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти иҷро, инчунин, таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷро маҳсуб меёбад.
Семинар - машварати омӯзишӣ давоми рӯзҳои 7-8 июли соли 2026 идома ёфта, дар доираи он масъалаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти корӣ, аз ҷумла риояи стандартҳои рафтор ва қоидаҳои одоби кормандони мақомоти иҷро, рақамикунонии равандҳои истеҳсолоти иҷро, татбиқи низомҳои иттилоотии соҳавӣ ва истифодаи хизматрасониҳои электронӣ, низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва самаранокии истифодаи барномаи электронии edo.innovation.tj, маҳдудияти қонунӣ нисбати қарздорон ва тартиби амалигардонии онҳо, баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва масъулияти кормандони Хадамоти иҷро дар ин самт, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии кормандон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.