Имрӯз, 26 июни соли 2026 дар Хадамоти иҷро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба муносибати бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси нави байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат,…
Имрӯз, 26 июни соли 2026 дар Хадамоти иҷро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба муносибати бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси нави байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Аҳтам Абдуллозода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, аҳли илму адаб ва ҳайати васеи кормандони мақомот иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш доир ба аҳаммияти таърихии ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии рушди давлатдорӣ ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлол ва боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ суханронӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки қабул гардидани ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)», ки 25 июни соли 2026 бо қатъномаи махсус пазируфта шуд, боз як дастоварди муҳимми сиёсати хориҷии кишвар ва эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нақши созандаи Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат дар таҳким ва пойдории сулҳи комил дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсули хиради баландарзиш ва талошу заҳматҳои шабонарӯзиву хастанопазири муҳтарам Пешвои ваҳдатофари миллат буда, дастоварди бениҳоят арзишманд ва муқаддаси миллати тоҷик маҳсуб меёбад, ки бо номи муборакашон пайванди ногусастанӣ дорад.
Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки хушбахтона, имрӯз тавассути сиёсати дурандешона, сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ зери боли баландпарвози сулҳу ваҳдат ва парфишонии Парчами миллӣ мо, сокинони саодатманди Тоҷикистони биҳиштосо бо ифтихор ва бо дарки баланди масъулияту худшиносӣ ин ҷашни муқаддасу бузурги миллиамонро дар руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегирем. Дар ин замина, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, истиқлоли комили миллӣ, эҳтироми арзишҳои давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо, фарзандони ин миллати куҳанбунёд маҳсуб меёбад.