Дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар вобаста ба муаррифии Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва намояндагони Хадамоти иҷро, Агентии инноватсия ва…
Дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар вобаста ба муаррифии Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва намояндагони Хадамоти иҷро, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин, намояндагони ташкилотҳои молиявии қарзӣ иштирок намуданд.
Сараввал, Сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Аҳтам Абдуллозода баромад намуда, зикр доштанд, ки бо мақсади татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” аз ҷониби Хадамот ҷиҳати гузариш ба низоми рақамикунонӣ тамоми кӯшишҳо равона гардидаанд.
Зикр гардид, ки дар ин асно аз ҷониби Хадамоти иҷро дар якҷоягӣ бо Агентии инноватсия ва технологоияҳои рақамӣ лоиҳаи “Тартиби амалисозии лоиҳаи озмоишӣ вобаста ба ҷорӣ намудани низоми ситониши қарз тавассути системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намуд.
Тартиби мазкур бо мақсади пешбинӣ кардани чаҳорчӯбаи танзимотӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи озмоишӣ дар самти рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва баланд бардоштани самаранокии ситониши қарзҳо таҳия карда шуда, хусусиятҳои амалисозии фаъолияти низоми дахлдорро оид ба рақамикунонии истеҳсолоти иҷро дар фаъолияти иҷрочиёни Хадамоти иҷро, ситониши саривақтии қарз, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокдорон ва дигар самтҳои фаъолиятро дар доираи реҷаи махсуси танзимӣ муқаррар ва танзим менамояд.
Ҳамзамон, вобаста ба муҳиммияти низоми иттилоотии автоматикунонидашуда таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани фаъолияти ин система иқдоми муҳим дар ҷодаи татбиқи сиёсати ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии фаъолияти мақомоти иҷро ба шумор меравад.
Дар идома муовини директори Агентии инноватсия ва технологоияҳои рақамӣ Мералӣ Бодуршозода баромад намуда, зикр доштанд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ба таъмини шаффофияти фаъолият ва боло бурдани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандону ташкилотҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон, вобаста ба тартиби ҳамгироии ин система бо дигар мақомоти марбута, муҳиммият, тартиби истифода ва натиҷаҳои чашмдошти он ибрози андеша намуд.