Имрӯз, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун "Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ" маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзуи «Забони тоҷикӣ —…
Имрӯз, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун "Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ" маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзуи «Забони тоҷикӣ — нишони худшиносии миллӣ» бо ҷалби васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии дахлдори Хадамот баргузор гардид.
Чорабиниро сардори раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Хадамоти иҷро Назарзода Ҳ.Қ. ҳусни оғоз бахшида, нақши забони давлатиро дар ташаккули давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ таъкид намуда, қайд дошт, ки забони тоҷикӣ рамзи ҳастии миллат, мероси таърихӣ ва шинохти маънавӣ буда, истифодаи дуруст ва поку беолоиши ин забони тамаддунофар вазифаи ҷонии ҳар як фарди тоҷик аст.
Дар идомаи чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода зимни суханронии худ оид ба таърихи бойи инкишофи забони тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва аҳаммияти ҳифзи покизагии он дар замони муосир муфассал ибрози назар карданд. Иброз гардид, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки шиносномаи таърихӣ ва оинаи тафаккури миллати мо буда, он ганҷинаи бебаҳои суханварони бузург, чун Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Саъдиву Ҳофиз аст, ки имрӯз дар фазои озоди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тавоноии бештар садо медиҳад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин забони шакарбор қарзи имонии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст мебошад, зеро забон пояи устувори давлатдорӣ ва нишони асосии ҳастии миллат дар арсаи байналмилалист.