Санаи 17 июни соли 2026, дар дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Бардошти маънӣ” баргузор гардид, ки ба таҳлилу баррасии асари машҳури нависандаи муосири кишвар Равшан Махсумзод – “Ишқи зистан”…
Санаи 17 июни соли 2026, дар дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Бардошти маънӣ” баргузор гардид, ки ба таҳлилу баррасии асари машҳури нависандаи муосири кишвар Равшан Махсумзод – “Ишқи зистан” бахшида шуд. Ин чорабинӣ бо иштироки кормандони Хадамот дар фазои дӯстона ва пур аз мубоҳизаҳои судманд ҷараён гирифт.
Дар маҳфил нуқтаҳои асосии роман, аз қабили масъалаҳои мубориза барои зиндагӣ, кӯмакҳои шабонарӯзии табибон, азму иродаи инсон дар шароити душвор, ишқи поку самимии ду дилдода, инчунин, масъалаҳои иҷтимоию фалсафии асари “Ишқи зистан” ба таври амиқ баррасӣ шуданд.
Маҳфили “Бардошти маънӣ” дар Хадамоти иҷро як иқдоми шоиста буда, ба баланд бардошатани сатҳи донишу маърифат, ташаккули тафаккури кормандон, таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва рушди нерӯи зеҳнии онҳо мусоидат мекунад. Чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома хоҳанд дошт.