eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
Саҳифаи асосӣ
More
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
2-28-98-39
Душанбе, хиёбони И. Сомони 8 ( Иттифоқи нависандагон - Мактаби №8)
3 июни 2026
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ
Санаи 2 июни соли 2026 вобаста ба муаррифии мазмун ва моҳияти Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мулоқоти намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти иҷрои…
Previous slide
Next slide
Санаи 2 июни соли 2026 вобаста ба муаррифии мазмун ва моҳияти Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мулоқоти намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни баромад аз ҷониби намояндаи мақомоти прокуратура Абдуфайёз Шарифзода қайд гардид, ки таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки экстремизм ва терроризм зуҳуроти тасодуфӣ набуда, решаҳои онҳо натанҳо дар зеҳният ва тафаккури шахсони алоҳида, балки дар муҳити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таълиму тарбия, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъсирҳои беруна ҷой доранд. Аз ин рӯ, муқовимати самаранок ба ин падидаҳо татбиқи тадбирҳои ҳамаҷониба ва маҷмуиро талаб менамояд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ин воқеият сиёсати худро дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм тавассути таҳия ва амалисозии стратегияҳои миллӣ ба роҳ мондааст. Дар ин замина қаблан ду стратегияи миллӣ барои солҳои 2016–2020 ва 2021–2025 қабул ва амалӣ гардидаанд.
Қайд карда шуд, ки Стратегияи нави пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026–2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2026, №73 тасдиқ шудааст. Нақшаи мазкур аз 14 самт, 39 банд ва 119 зербанд иборат мебошад.
Зимни шарҳи ҳадаф ва вазифаҳои Стратегия зикр гардид, ки он ба муайян намудани иқдомоти минбаъда дар асоси таҷрибаи миллӣ, мутобиқ намудани тадбирҳои қаблӣ ба шароити кунунӣ, арзёбии таҳдидҳои нави экстремистӣ ва террористӣ, инчунин, муайян намудани вазифаҳои субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм равона шудааст.
Қабули Стратегияи нав идомаи мантиқии стратегияҳои қаблӣ буда, дар он самтҳои асосии пешгирии экстремизм нигоҳ дошта шудаанд. Аз ҷумла, такмили заминаҳои пешгирии барвақтии экстремизм, баланд бардоштани нақши мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда ба экстремизм дар муҳити динӣ, фазои маҷозӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии маблағгузории терроризм, офиятбахшӣ ва барқарорсозии шахсони дорои гузаштаи экстремистию террористӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардидаанд.
Дар анҷом зикр шуд, ки барои татбиқи ҳамаи самтҳои пешбинишуда дар Стратегия ва Нақшаи амал тадбирҳои мушаххас муайян гардидаанд, ки қисми онҳо идомаи чораҳои қаблӣ ва қисми дигар иқдомоти нави ҷавобгӯ ба вазъи кунунӣ мебошанд.