Санаи 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарону кормадони дахлдори сохторҳои ҳудудии Хадамот, инчунин иҷрочиёни калони мақомоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъомади корӣ ва семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Танзими…
Санаи 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарону кормадони дахлдори сохторҳои ҳудудии Хадамот, инчунин иҷрочиёни калони мақомоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъомади корӣ ва семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо” ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ яке аз масъалаҳои муҳимми фаъолият - таъмини иҷрои босифати супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2025, №12, ки ба татбиқи тадбирҳои зарурӣ барои дар соли 2026 ба ҳаҷми то 1 миллиард сомонӣ расонидани ситониши маблағҳои қарзӣ равона гардидааст, баррасӣ карда шуд.
Дар ин асно, аз масъулин талаб гардид, ки иҷрои супоришҳои хизматиро бо риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда таъмин намуда, сатҳи масъулияти шахсиро дар фаъолияти хизматӣ баланд бардоранд.
Дар идомаи чорабинии мазкур масъулони дастгоҳи марказии Хадамот ширкат варзида, доир ба мавзуъҳои муайяни соҳавӣ маърӯза намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушди маҳорати касбӣ ва донишҳои ҳуқуқию соҳавии иҷрочиёни мақомоти иҷро, баррасии мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо, таъмини иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои иҷро, ба роҳ мондани корбарии ҳамаҷониба ва пурзӯр намудани корҳо дар самти истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла ситониш ба манфиати давлат, рӯёнидани алимент ва татбиқи саривақтии маҳдудиятҳои қонунӣ, инчунин баррасии дигар масъалаҳои корӣ доир карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ кормандон доир ба масъалаҳои соҳавӣ ва мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти корӣ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.